ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Мир Мафтун яке аз доварони имсолаи барномаи маъруфи “Ситораи афғон” дар телевизиони Тулуъ, дар посух ба тавсиф аз чапони зардӯзишудааш гуфт, асли онро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барояш тӯҳфа кардааст. Аммо он чапони туҳфашудаи раисиҷумҳурро дар хонааш ба каси дигар тӯҳфа кардаанд.
“Аслан пургӯӣ нашавад, як салом медиҳам ба ҷоноби оқои Президент Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ асли ин чапонро ба ман тақдим карда буд. Вале баъдтар онро ба каси дигар туҳфа додаем ва инро аз он рафиқон пӯшидам” – посух дод Мир Мафтун ба Мустафо, барандаи барномаи “Ситораи афғон”, ки аз чапон тавсиф кард.
Суҳбат сари чапони тоҷикии Мир Мафтунро метавонед дар дақиқаи 9-уми навори зерин тамошо кунед:
Аммо Ориёно Саид, довари дигари “Ситораи афғон” гуфт, ки Мафтун соиб, одам тӯҳфаи касро ба каси дигар намедиҳад.
“Не, не, ман надодаам онро, балки хонагиҳо додаанд, ман хеле хафа ҳастам”, - шарҳ дод бо табассум Мир Мафтун. Ӯ афзуд, дар хона меҳмони бисёр азизу ширин омада буд ва барои ӯ ҳамон чапонро тӯҳфа кардаанд.
Мир Мафтун аз овозхонони саршиноси Афғонистон аст, ки имсол ӯро ба сифати довари “Ситори афғон” дар телевизиони Тулӯъ даъват кардаанд. Ӯ зодаи Бадахшони Афғонистон буда, бисёри сарояндагони ҷавони ин минтақаи Афғонистон шогирдон ва ё дастпарварони мактаби мусиқии ӯ ба ҳисоб мераванд.
Дар ду соли пеш Панҷшанбе Мафтун аз шогирдони Мир Мафтун дар барномаи “Ситораи афғон” иштирок кард ва тибқи раъйи тамошобинону доварон мақоми дуюмро касб намуд.
Имсол ҳам яке аз шогирдони ӯ, Абдусалом Мафтун иштирок мекунад ва ҳоло ба даври 6 беҳтарини “Ситораи афғон” расидааст.
Монандии ӯ ба сарвазири Канада, Ҷастин Трюдо таваҷҷӯҳи бисёре аз расонаҳоро ҷалб кардааст, ки боз ҳам бар шӯҳрати Абдусалом меафзояд.
“Ситораи афғон” аз пуртамошобинтарин барномаҳои тафреҳии телевизиони Тулӯъ аст, ки дар саросари Афғонистон ва ҷаҳон тамошобинони зиёд дорад. Он ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамъбаст мегардад.