Шарҳи Шӯрои уламо: оё зино никоҳи мусалмониро қатъ мекунад?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зино ва таъсираш ба никоҳи мусалмониро шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Карим, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки агар марде зан дошта бошад ва боз зино кунад, оё никоҳи ӯ бо зани ҳалолаш қатъ мешавад?

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “гаппартоӣ”-ҳои шаҳвонӣ

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат никоҳ ба сабаби зино қатъ намешавад.

“Хуб бояд дарк кард, ки зино гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст ва касе, ки ба ин амали ҳаром ва ҷинояти сангин даст мезанад, баракат аз касбу рӯзӣ ва хонадону зиндагии ӯ аз байн рафта, дар пешгоҳи Худованд гунаҳгори азим ва дар чашми мардумон шармандаву рӯсиёҳ мегардад”, - таъкид кардааст Шӯрои уламо.

Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои қонеъ кардани талаботи ҳамсар истифодаи доруҳои шаҳватзоро ҷоиз донист.

“Агар ба саломатии инсон зарар надошта бошад, ҷоиз аст, вале агар зарар дошта бошад, ҷоиз нест”, - таъкид намудааст Шӯрои уламо.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, посухи онҳо дар пайи омӯзиши адабиёти динӣ ироа шудааст.