ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Нурлан Сайтимов, ки аз соли 2016 то ҳол сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд, ҳафтаи равон бо амри раисиҷумҳур котиби масъули ВУХ Қазоқистон таъин гардид.
Нурлан Сейтимови 55-сола аз соли 1994 дар сохтори Вазорати умури хориҷии Қазоқистон кор мекунад.
Тибқи иттилои сомонаи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, Сейтимов хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, факултаи муносибатҳои байналмилалии Академияи дипломатии ВУХ Русия, номзади илмҳои сиёсӣ мебошад. Ӯ бо фармони раисиҷумҳури Қазоқистон моҳи марти соли 2016 сафир дар Тоҷикистон таъин гардида буд.
Феълан дар бораи таъини сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилое нашр нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ҳафтаи равон Ализода Назирмадро аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор карда, ба ҷояш Хайрулло Ибодзодаро таъин кард. Ибодзода то таъинаш ба ин мақом раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон буд.