Раисҷумҳури Сербия ба Путин сагчаи чӯпонӣ ҳадя кард - Навор

Роҳбари Сербия ба Владимир Путин, ки сагро дӯст медорад, сагчаи чӯпоние ҳадя кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Сербия Александр Вучич ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин сагчаеро бо лақаби Паша ҳадя кард. 

Паша чормоҳа будааст.

Владимир Путин ҳайвонот, аз ҷумла сагро хело дӯст медорад. Яке аз сагҳои дӯстдоштаи вай Конни будааст, ки онро Сергей Шойгу соли 2000 ба Путин ҳадя карда буд. Конни соли 2014 дар синни 15-солагӣ вафот кард.

Соли 2017 раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ба Путин дар зодрӯзаш сагча ҳадя кард. Раисҷумҳур аз ин тӯҳфа чунон шод гардид, ки ҳатто сагчаро бӯсид.

Соли 2010 нахуствазири Булғория Бойко Борисов сагчаи чӯпониеро ҳадя мекунад, ки Йорго ном доштааст. Номи сагчаи чӯпонӣ ба раисҷумҳур писанд намеояд, барои ҳамин дар Русия озмун эълон намуда, ба сагчаи раисҷумҳур Баффи ном медиҳанд. Ин номро як писараки панҷсола пешниҳод карда, ғолиби озмун мешавад.