Гази табиии Узбакистон дубора ба хонаи тоҷикистониҳо расид

Дар хонаи душабегиҳо ҳафт сол газ набуд, бинобар ин, иншооти зербино кӯҳнаву фарсуда шуда, ба хотири таъмини бехатарӣ ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", баъди танаффуси ҳафтсола интиқоли гази табиӣ, ки аз Узбакистон ворид мешавад, ба қисмате аз аҳолии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аз аввали ҳамин моҳ наздики 20 хонаҳои хусусии воқеъ дар қисмати шимолу шарқӣ пойтахт ба лӯлаи газ пайваст шуданд.

Истеъмолгарон барои 1 метри мукааби газ 1,7 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, ки дар муқоиса бо арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш бамаротиб арзонтар аст.

Айни замон корҳо оид ба барқарор намудани зербино ҷараён дошта, то охири моҳ боз 20-30 хона бо гази табиӣ таъмин мешаванд.

Узбакистон ба маблағи 15,1 миллион доллар ба Тоҷикистон газ мефурӯшад

Бинобар сабаби мавҷуд набудани газ, корхонаи “Душанбегаз” муддати тӯлонӣ кор намекард ва мутаносибан барои барқарор кардани тамоми иншооти зербино дар муддати кӯтоҳ имкону восита надорад.

Айни замон “Душанбегаз” шабонарӯзӣ то 600 ҳазор метри мукааб газ гирифта, ҳозир истеъмолгари асосии гази Узбакистон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад, зерои истифодаи газ барои марказ 5 баробар аз мазут ва 4 баробар аз ангишт арзонтар меафтад.

Ба қавли намояндаи “Душанбегаз”, айни замон чанде аз меҳмонхонаву корхонаҳои хурд, ки дар наздикии шоҳқубур ҷойгиранд, низ ба миқдори начандони зиёд гази табиӣ мегиранд.

Мувофиқи маълумоти охир то 1 октябри соли 2018 аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб баробар ба 1 миллион доллар наздики 10 миллион метри мукааб газ ворид шудааст. Ин маънои онро дорад, ки “Тоҷиктрансгаз” барои 1 ҳазор метри мукааб ба Узбакистон 100 доллар маблағ пардохт мекунад, ки тақрибан се маротиба арзонтар нисбат ба нархҳои ҷаҳонӣ ба ин навъи сӯзишворӣ мебошад.