ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Донишҷӯи курси 3-юм ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри мазкуршикоят бурдааст.
Ба гуфтаи зан, шаби 17 ба 18-уми январ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3000 сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, ки арзишашон 3200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Тафтишот идома дорад.