Ҳалокати падару писар дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

Фавтидагон - нигоҳдорони роҳ-падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим буда, ба тоза кардани ҷодаи "Хоруғ-Ишкошим" машғул буданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим ду тан - падару писар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 17 январ рух дод. Фавтидагон -падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим нигоҳдорони роҳ буданд. Онҳо вақте ба тоза кардани роҳ машғул буданд, ҳодисаи нохуш сар зад.

"17 январ, соати 16:30 б дар километри 32-юми мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ҳодисаи нохуш ба амал омад. Зимни тоза кардани роҳ ногаҳон аз кӯҳ тарма фаромада, се нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим зери тарма мемонанд. Дар натиҷа ду нафари он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар наҷот дода шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ишкошим Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967 аз зери тарма наҷот дода шуда,  сари вақт ба беморхона интиқол гардидааст.

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим дар вилоят хавфноктарин масир, хусусан дар фасли сармо  барои роҳсозон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардида буданд.