Қарори кӯмаки Раиси Суғд ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

Ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳар моҳ дар ҳаҷми 80 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарор дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобилро ба имзо расонд.

Раиси вилоят шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятро вазифадор карда аст, ки аз 1 январи соли 2019 ба маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил тибқи рӯйхати замимашуда ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 80 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2019 ба ин мақсад пешбинишуда кӯмакпулӣ пардохт намоянд.

Аҳмадзода муовини навашро муаррифӣ кард ва ба Хоҷазода муваффақият хост

Аҳмадзода Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғдро вазифадор кардаааст, ки барои сари вақт пардохт гардидани кӯмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5 - ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

Инчунин, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, бо назардошти афзудани теъдоди маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва дар ҳолати норасоии маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардида, хароҷоти иловагӣ аз ҳисоби маблағи сарфашудаи барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешбинишуда пардохт карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва Анвар Яъқубӣ гузоштааст.