Дар Шотландия қадимтарин ҷадвали даврии Менделеевро пайдо карданд

Ҷадвали Менделеев дар якҷоягӣ бо лавозимоти лабараторӣ, ки баъди кучонидани факултаи химия дар анбори донишгоҳи Сент-Эндрюси Шотландия ҷамъ шуда буданд, мехобидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар донишгоҳи Сент-Эндрюси Шотландия қадимтарин ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеевро пайдо карданд, хабар додааст интернет-портали Phys.org.

Вай дар якҷоягӣ бо лавозимоти лабараторӣ, ки баъди кучонидани факултаи химия дар анбори донишгоҳи Сент-Эндрюси Шотландия ҷамъ шуда буданд, мехобидааст. Доктор Алан Айткен ҳангоми ба тартиб даровардани анбор, ҷадвалро пайдо кардааст.

Ҳангоми таҳлили ҷадвал аз ҷониби коршиносон маълум гардидааст, ки вай ба соли 1885 тааллуқ доштааст.

Худи қонуни даври дар соли 1969 аз ҷониби олими рус Дмитрий Менделеев кашф шуда буд.

Ҷои нашри ҷадвал нишон дода шудааст. Вай дар яке аз машҳуртарин чопхонаи он замон, ки аз соли 1875 то соли 1888 фаъолият мекардааст, ба чоп расида будааст. Барои ҳамин дар ҷадвал "галлий" ва "скандий", ки солҳои 1875 ва 1870 кашф шудаанд ҷой доранд, аммо "германий", ки соли 1886 ба нақша ворид шудааст, дар ҷадвали пайдо шуда ҷой надорад.

Ривоят аст, ки Менделеев ҷадвали давриро дар хобаш дида баъдан ӯро сохтааст. Ин ривоят аз тарафи дӯсти ӯ паҳн шудааст. Вай мегуфтааст, ки Менделеевро хоб бурдааст ва дар хобаш ҷадвалашро дидааст, ки дар он ҳамаи элементҳои химиявӣ дар ҷойҳои худ гузошта шудаанд. баъдан аз хоб хеста онро сохтааст.