Ошкор шудани мастӣ ва “баднафсӣ”-и ронандаҳои мусофирбарҳо дар Душанбе

Мақомоти умури дохилӣ тайи як ҳафтаи санҷиш дар шаҳри Душанбе даҳҳо ҳолати аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон ва идора кардани мусофирбарҳоро дар ҳолати мастӣ ошкор кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Душанбе, тайи як ҳафта 3 ҳазору 779 қоидавайронкунӣ ошкор гардид, ки аз он 7 ҳолати идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва 216 ҳолати аз меъёр зиёд савор намудани мусофирон мебошад.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари 20-сола баъди бистарӣ шудани ҳамсараш дар беморхона

“Инчунин 14 ҳолати итоат накардан ба талаботи кормандони милиса барои манъи воситаи нақлиёт, идора намудани воситаи нақлиёти  бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад,  бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 3 адад, баланд намудани суръати ҳаракат – 65 адад, истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 92 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 12 адад, худсарона баромадан аз хати сайр – 93 адад, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 749 адад ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

Манбаъ дар феҳрасти ронандаҳои маст 7 нафарро ном бурдааст, ки аз он Солиев Шуҳрат, ронандаи “таксӣ” ва Бакиев Фарҳод, ронандаи “Хундай-Старекс”-и мусофирбар мебошанд ва ҳар ду воситаи нақлиёт ҳам рақамҳои силсилаи ТТ-ро доштаанд.

Имзои раисиҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз робитаи созмонҳои ҷамъиятӣ бо террористону пулшӯйҳо

РВУД афзуд, ки инчунин муайян шуд, ки Одинаев Одинааҳмад, ронандаи “Хундай-Соната”, Сарашоев Исматулло, ронандаи “Ниссан”,  Мирзомуддинзода Давлатшо, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Исмоил, ронандаи “Опел-Астра” ва Файзуллоев Фахриддин, ронандаи “Опел-Астра” дар ҳолати сархушӣ сари идораи воситаи нақлиёт нишастаанд.

Ин ниҳод таъкид намуд, ки алайҳи афроди номбурда парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.