ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси пойтхати Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар Хоруғ панҷ майдончаи варзишӣ бунёд мекунад. Дар ин бора раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов дар мулоқот бо варзишгарон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, Ёдгор Файзов чанде пеш ба 95 варзишгар ва мурабии вилоят ҷоизаву маблағҳои пулӣ додааст.
"Дар ин сол варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд. Яне, ҷавонони вилояти Бадахшон кӯшиш намуданд, ки дар қатори дигар ҳамсолонашон Парчами давлатиро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд", - гуфтааст Ёдгор Файзов.
Соли 2019 аз ҷониби Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд, афзудааст раиси вилоят.
Ба иттилои масъулини соҳаи варзиши ВМКБ, ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло шуданд.