ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эъломи мораторий дар соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон таҳти рақами 990 фармони вижа ба имзо расонид.
Бино бар фармони раисҷумҳур, аз 16 январ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон фармони 990-уми раисҷумҳурро шарҳ додааст.
Гуфта мешавад, мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад.
"Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад", - гуфта мешавад дар шарҳи дафтари матбуотӣ.
Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 январи соли 2018 пешниҳод карда буд, ки дар кишвар ба мӯҳлати се сол ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мораторий эълон шавад.