Фавти мардуми тоҷик аз ҳисоби истеъмоли ғизои нодуруст

Коршиносон рӯйхати кишварҳоеро, ки сокинонашон аз ҳисоби истеъмоли нодурусти хӯрок зиёд мефавтанд пешниҳод кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки аз ҳисоби истеъмоли ғизои нодуруст сатҳи вафоти сокинонашон баланд аст, шомил шудааст, навиштааст  Daily Mail.

Коршиносон рӯйхати кишварҳоеро, ки сокинонашон аз ҳисоби касалиҳои қалб, фарбеҳшавӣ ва фишорбаландӣ зиёд вафот мекунанд пешниҳод кардаасд.

Таҳқиқот нишон додааст, ки дар соли 2016 аз ҳисоби истеъмоли зиёди намак ва норасоии сабзавот зиёда аз 2 миллион одам ба ҳалокат расидаанд.

“Истеъмоли зиёди хӯришҳо аз орди сафед, ки моддаҳои пардаи ҳуҷайравиашон (клетчатка) паст аст солҳои охир сафи беморони қалбро дучанд кардааст”, - гуфт профессори донишгоҳи ба номи Шиллер Стефан Лорковски.

Сатҳи вафот аз ҳисоби истеъмоли нодурусти хӯрок аз ҳама зиёд дар Узбакистон ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи ин раддабандӣ дар Узбакистон аз ҳар 100 ҳазор нафар 400 нафар аз ҳисоби ин касалиҳо фавтидаанд. Дар ҷои дуюм Туркманистон ва дар ҷои сеюм Қирғизистон қарор гирифтаанд.

Тоҷикистон аз рӯи сатҳи вафот аз ҳисоби истеъмоли нодурусти хӯрок дар ҷои 8-ум қарор гирифтааст.

Инчунин дар даҳгонаи ин рӯйхат Украина, Молдова, Озорбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Русия ворид шудаанд.

Миёни кишварҳои ғарби Аврупо аз ҳама зиёд сатҳи муриш дар Олмон ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи ин маълумот истеъмоли дурусти хӯрок аз ҳама бештар дар Испания ва Исроил ба қайд гирифта шудааст.