Баъди изҳороти Путин: Русия дар Тоҷикистон баталиони нав ташкил мекунад

Учения по борьбе с воздушными целями, архивное фото
Баталиони нави ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳайати пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон то нимаи соли равон ташкил хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ҳавзаи марказии низомии Русия, ба баталиони нав ротаҳои умури масофаи наздик, ки бо ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10", "Леер-3", "Элерон", "Гранат" ва "Тахион" муҷаҳҳаз хоҳанд буд, шомил мешаванд.

Пиджак на кресле
Тағйироти кадрӣ дар сафоратҳои Тоҷикистон

Инчунин ба баталиони нав, отряд ё дастаи махсуси масофаҳои дур шомил мегардад, ки бо низоми дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин - "Форпост" мусаллаҳ мегардад.

Тибқи иттилои мақомоти низомии Русия, баталиони нав имконоти ҷангии пойгоҳи 201-ро ба ҳангоми кашшофӣ ва дақиқсозии самти оташкушоии воҳидҳои тирандозу танкиро бештар мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия моҳи декабр дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, алайҳи таҳдидҳо аз Афғонистон нерӯи пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро пурзӯр мекунанд.