Таъйини раисони нави Хатлон ва 2 кумитаи дигар

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбонро аз вазифаҳояшон озод намуд ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Тибқи фармони Президент Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод шуд. Бо қарори Ҳукумат, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ: Убайдуллоев аз Додихудозода хост, адолатро таҳким бахшад

Бо фармони дигар Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбонро ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин кард.

Инчунин мутобиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Бо фармони дигар Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ориф Хоҷазода, солҳои 2016-2019 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.