Сӯҳбат бо Мирсаидов баъди дубора маҳкумшавӣ ба зиндон: барои табобат ба хориҷ рафтам

Хайрулло Мирсаидов хабари дубора ба зиндон маҳкум шуданашро тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, барои табобат гирфтан аз Тоҷикистон хориҷ шуд ва мақомот хабар доранд, ки дар куҷо қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик ва роҳбари пешини КВН Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Додгоҳи шаҳрии Хуҷанд ӯро дубора ба мӯҳлати 8 моҳ ба зиндон маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин дафъа Мирсаидовро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки кишвар ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум кардаанд.

"Бале, хабари дубора ба зиндон маҳкум шудани ман рост аст. Мувофиқи ҳукми пештараи додгоҳ ба ман ҷарима бастанд ва аз ҳуқуқи машғул шудан ва корҳои рӯзноманигорӣ маҳрум карданд. Ҳамчунин бояд ба мӯҳлати 2 сол ба корҳои ислоҳӣ  ҷалб карда мешудам", - мегӯяд вай.

"Ҷаримаро  рӯзи 10-уми декабри соли гузашта пурра пардохт кардам.  Бо далели пеш омадани зарурати табобат, кишварро тарк кардам", - афзуд Мирсаидов.

Хуҷандиён дар пардохти ҷарима ба Хайрулло Мирсаидов кӯмак кардан мехоҳанд

Тавре роҳбари пешини КВН Тоҷикистон қайд кард, наздикони Мирсаидов мақомотро огоҳ кардаанд, ки ӯ дар кадом кишвар табобат мегирад.

Ӯ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ набуд ва ба Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кард, ки ӯро сафед кунанд.

"Ба додгоҳи олӣ муроҷиат карда будам, ки маро сафед кунанд. Намедонам маҷлиси додгоҳ кай баргузор мешуда бошад. Аммо омодаам, ки барои исботи бегоноҳии худ дар оянда ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат намоям", - таъкид дошт Мирсаидов.

Ёдрас мешавем, моҳи декабри соли 2017 рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов боздошт шуда буд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи августи соли 2018 Додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон Мирсаидовро бо таъини 80 ҳазор сомонӣ ҷарима, озод намуда, мӯҳлати зиндонро бо корҳои ислоҳӣ иваз кард.

Вай дар як сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ ҷурми худро эътироф накардааст ва барои исботи бегуноҳиаш то охир мубориза мебарад.