Деҳқонони Суғд истеҳсолотро бештар аз 100 дар сад зиёд карданд

Соли 2018 дар вилоят ба маблағи 8 млрд. 85,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2017 бештар аз 100 фисад зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар соли 2018 дар вилояти Суғд истеҳсолоти маҳсулоти кишварзӣ бештар аз 100 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати вилоят хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, соли гузашта кишоварзон ба маблағи 8 млрд. 85,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105,2 фоиз таъмин намудаанд.

"Дар соли сипаришуда дар вилоят истеҳсоли сабзавот 517,9 ҳазор тонна, картошка 416,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 139,3 ҳазор тонна, ангур 61,4 ҳазор тонна, гўшт 56,5 ҳазор тонна, шир 264,9 ҳазор тонна, тухм 222,7 млн. дона, пашм 1514,3 тонна ва асал 1382,2 тоннаро ташкил намудааст" - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 сабзавот 37,4 ҳазор тонна, картошка 91,1 ҳазор тонна, мевагиҳо 15,6 ҳазор тонна, ангур 4,2 ҳазор тонна, гўшт 1,9 ҳазор тонна, шир 9,3 ҳазор тонна, тухм 55,1 млн. дона, пашм 35 тонна ва асал 22 тонна зиёд истеҳсол шудааст.