Қарздор, ки шуд, муфлис мешавад: коршинос дар бораи сарнавишти "Тоҷик Эйр"

Коршиноси пажӯҳишгоҳи AEROHELP Леонид Колишев тавзеҳ дод, ки дар ҳолати муфлис шудани ширкат, кормандонаш кадом пардохтҳоро интизор шуда метавонанд
Sputnik

Ширкати миллии ҳавоии "Тоҷик Эйр" тамоми кормандонашро ба рухсатии бемузд равон кард. Ширкат ба мушкилии молӣ рӯбарӯ шудааст. "Тоҷик Эйр" аввалҳои моҳи январ дар бораи қатъи парвозҳо ба як қатор хатсайрҳо, эълон карда буд. Гуфта мешуд, далели ин иқдоми ширкат зараровар будани парвозҳо мебошад.

Қарздор, ки шуд, муфлис мешавад: коршинос дар бораи сарнавишти "Тоҷик Эйр"

"Агар ширкат ба мушкилии ҷиддии молӣ рӯбарӯ шуда бошад, ин нишонаи он аст, ки муфлис мешавад", - тавзеҳ медиҳад вай.

Агар раванди муфлисшавӣ эълон шуда бошад, пас пеш аз ҳама ҳаҷми пардохтҳои кормандони ширкат муайян карда мешавад - ин пеш аз ҳама ҷубронпулии саломатӣ ва музди кормандон аст", - афзуд вай.

"Бояд аввал музди кормандонро пардохт кард ва сипас қарзҳоро баргардонид", - таъкид дошт Колишев.