Ҳаракати мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд

Бо мақсади монеа эҷод накардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва “Фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад, иттилоъ додааст ширкати IRS
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ширкат таъкид намудааст, ки бо дарназардошти беист ва шиддатнок будани боришоти барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ фаъолияти кормандони филиали Ширкат беш аз пеш тавсеа ёфта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. 

Хоби марговари ронанда: мошини газкаш дар роҳи Душанбе - Чаноқ ба дарё сарозер шуд - акс

“Субҳи имрӯз низ чун рӯзҳои қаблӣ тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжиш идома ёфт”, - гуфт манбаъ.

Ввобаста ба зарурат дар асоси мукаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат бо мақсади монеа эҷод накардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва “Фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад. 

Масъулини ширкат аз шаҳрвандон хоҳишманд шуданд, ки эҳтиёткору дақиқназар бошанд.