Темур Зулфиқоров: тафаккури ҷанг доштан шоҳидии девонагии мардум аст

Темур Зулфиқоров, адиби саршиноси тоҷику рус мегуяд, ки агар роҳбарони давлатҳо барои худ паноҳгоҳ аз бомби ҳастаӣ созанд, ин нишонаи онро доранд, ки интизори ҷанг ҳастанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв - Sputnik.  Темур Зулфиқоров, адиби саршиноси тоҷику рус дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, тӯли солҳои дароз дар асарҳову филмҳояш дар бораи  афроди сарватманд –бонкдорон, тоҷирон, роҳбарони ширкатҳои бузурге, ки дорои пули зиёд ҳастанду қудратманд мебошанд, нақл кардааст.

Нашри китоби нави Темур Зулфиқоров: "Чойхонаи лаби ҷар"

Вай мегуяд, ин гуна ашхоси сарватманд барои инсоният хатар доранд.

“Вақте, ки ман ҷавон будам мушоҳида мекардам, ки сарватмандони тамоми кишварҳо барои худ паноҳгоҳ аз бомби ҳастаӣ месохтанд. Тамоми роҳбарон дорои паноҳгоҳ аз бомби ҳастаӣ мебошанд. Ин ба он маъност, ки қудратмандон эҳтимолияти рух додани ҷанги ҳастаиро дар сар мепарваранд ва бар онанд, ки дар паноҳгоҳҳояшон наҷот меёбанд, аммо мардум мисли Хиросима ва Нагасакӣ месӯзанд.  

Барои ин агар имкон медоштам, бунёди паноҳгоҳҳоро манъ мекардам. 

“Худи фикр дар бораи ҷанги эҳтимолии ҳастаӣ нишонаи девонагии мардум аст”, - мегуяд адиби саршинос.

Ба Темур Зулфиқоров назарияи Попи Рум наздик будааст, ки чаллаи тиллоиашро ба афроди камбизоат додааст.

“Ӯ рӯзи зодрӯзи Исои Масеҳро бо мардуми камбизоат мегузаронад. Вай аз фарқият миёни сарватманду камбизоат ба даҳшат омадааст. Ба назари вай, раванди мазкур метавонад инсониятро ба ҷое расонад, ки баргашташ мушкил аст”, - гуфт адиб.

 Адиби саршинос баронаст, ки мардум боояд бо раванди мазкур мубориза баранд.

Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд

“Ман тарафдори баробарӣ нестам. Аммо девонагист, ки омӯзгор барои кораш 100-200 доллар бигираду, шахси қудратманд миллион. Ин бемаънегист, Парвардигор инсонро бо тафовути зиёд насохтааст”, - таъкид кард Темур Зулфиқоров. 

Едрас мешавем, ки авохири моҳи декабри соли 2018 маҷмуъае аз достонҳо, ашъор ва амсолу ҳиками Темур Зулфиқоров дар Маскав мунташир шуд.

Темур зулфиқоров муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха баровард шуда, ӯ танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.