Панҷакент соҳиби беморхонаи нав мегардад

Бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри панҷакент аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он шаш шуъба ҷойгир карда хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар шаҳри Панҷакент бунёди бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр оғоз гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бинои нави беморхонаи марказӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат будаааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бинои кунунии Беморхонаи марказии шаҳр соли 1965 сохта шуда, бо мурури замон ва афзоиши аҳолӣ зарурати сохтмони бинои нав пеш омадааст.

Дар шаҳри Панҷакент корхонаи коркарди шир ба кор даромад

“Маҳз бо назардошти ҳамин омил бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои нав бунёд мегардад”, - афзудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дошта, маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳамасола афзоиш меёбад.

“Маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи дастгириҳои давлатӣ буд, ки давоми соли сипаришудаи 2018 дар шаҳру деҳоти Панҷакент шаш хонаи саломатӣ бунёд ва мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт”, - гуфтааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.