Генерал Султонзода аз кори 12-солаи Ожонси зидди фасод қаноатманд аст

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки бо фармони раисиҷумҳур 10 январи соли 2007 таъсис ёфт, 12-сола шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон кормандони Ожонси мубориза бо фасод 10 январ - рӯзи таъсисёбии ин ниҳодро ҳамчун иди касбӣ таҷлил мекунанд.

Дар Душанбе арзиши манзил гарон шуд

Генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси мубориза бо фасод, зимни ҷаласаи идона фаъолияти кормандони ин ниҳодро дар бахши истифодаи шаффофи маблағҳои буҷа, таъмини амнияти иқтисодии давлат, пешгирию ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро дар 12 сол қаноатбахш хондааст.

Султонзода инчунин ҳайати шахсиро барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум ба сохтору мақомоти давлатӣ даъват кардааст.

Эълони муфлисӣ ё эҳёи парвозҳо: як моҳи Расулзода барои ҳалли тақдири "Тоҷик Эйр”

Ӯ барои тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи амалҳои коррупсионӣ дастур додааст.

Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо фасод, Шараф Файзуллозода, сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз фаъолияти кормандони Ожонс изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иҷрои супоришҳои сарвари давлат ва ба роҳ мондани муборизаи шадид бар зидди коррупсия тавсияҳо  додааст.