Дар Душанбе арзиши манзил гарон шуд

Агар шаш моҳ пеш дар ноҳияҳои Душанбе нархи як метри квадратии манзил 400-500 долларро ташкил кунад, пас ҳоло ин нишондод ба 500-600 доллар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв - Sputnik. Дар Душанбе арзиши манзил гарон шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.

"Ду соли охир арзиши манзил дар пойтахт қариб, ки бетағйир буд. Арзиши як метри квадратӣ дар маркази Душанбе бо ҳисоби миёна 626 долларро ташкил медод. Дар маҳалҳо ва ноҳияҳои аз марказ дуртар 350-400 долларро буд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Феълан, бино бар иттилои бархе аз агентиҳои таблиғотӣ, авмоли ғайриманқул дар Душанбе гарон шудааст.

Масалан, агар шаш моҳ пеш  дар ноҳияҳои Душанбе нархи як метри квадратии манзил 400-500 долларро ташкил кунад, пас ҳоло ин нишондод ба 500-600 доллар расидааст.

Ин тағйирот пеш аз ҳама ба манзилҳои истиқоматии макрази Душанбе дахл дорад, арзиш он ба ҳисоби миёна дар як метри квадратӣ то 100 доллар гаронтар шудааст. Ҳоло дар қисмати марказии Душанбе нархи як метри квадратии манзил 750-800 долларро ташкил медиҳад.