Қарори нави Рустам Эмомалӣ: гурӯҳи корӣ ба таблиғи паёми президент оғоз мекунад

Гуфта мешавад, мақсад аз ин қарор шарҳи моҳияти паёми президент ба сокинони пойтахт мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи як қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ гурӯҳи кории шаҳрдории Душанбе ба таблиғи паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шурӯъ мекунад.

Тавре дар қарори раиси шаҳр таъкид мегардад, мақсад аз ин иқдом тавзеҳи моҳияти паёми раисҷумҳур ба сокини шаҳри Душанбе мебошад.

"Нақшаи мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва гурӯҳи таблиғотӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд", - гуфта мешавад дар банди аввали қарори шаҳрдор.

Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеба иҷрои саривақтии нақшаи мулоқоту вохӯриҳо вазифадор шудаанд.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 декбари соли 2018 паёми навбатиашро ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа кард.

Пештар  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки вакилони маҷлис шурӯъ аз 7 январ ба  вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар мекунанд.

Онҳо давоми даҳ рӯз паёми раисҷумҳурро шарҳ хоҳанд дод.