Вакилони парлумон дар бозору сохтмонҳои Маскав бо муҳоҷирони тоҷик ҳамсӯҳбат шуданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода ба шаҳри Маскав сафар карда ба аёдати муҳоҷирони корӣ рафтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik.  Вакилони парлумони Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода муҳоҷирони кории тоҷикро бо рӯйдод ва навгониҳои рухдода дар кишвар ва дар бораи масъалаҳои мубориза бар зиддӣ терроризму экстремизм суҳбат карданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар додааст. 

Вакилони парлумон барои шарҳи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба назди мардум мераванд

Вакилон бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия  ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар Маскав доир ба муҳоҷират, дар маркази савдои “Южние ворота”-и шаҳри Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор  марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Масква бо муҳоҷирон дидору гуфтушунид карданд.

Дар мулоқот яке аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд.

“Имрӯз Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зиддӣ терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гуруҳи иртиҷоӣ ва игвоангез наметавонад, дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намоянд”, - таъкид намудааст вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода.

Вакилони парлумон ба Аврупо рафтанд

Вакилон изҳор намуданд, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу тарғиб роҳандозӣ шудааст, ки дар баробари омузиши динӣ аз касбу кору ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд.

“Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд. Зеро имруз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Ислом як су монда, мақсадҳои гаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”, - афзуданд вакилони парлумон.

Дар идома вакилони парлумон илова карданд, ки  аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷой худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ намуданд.