Ҳаводорони Қадами Қурбон меафзоянд: Ҷонибек Муродов ӯро ба Душанбе даъват кард

Ба гуфтаи Муродов, Қадами Қурбон пешниҳоди ӯро қабул кардааст ва онҳо барои сабти намоҳанг аввал якҷоя матн ва суруд интихоб мекунанд . "Кӯшиш мекунем, матнеро интихоб кунем, ки аз чаҳорчӯбаи санъат берун набароем", - мегӯяд овозхон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Овозхони тоҷик Ҷонибек Муродов мегӯяд, Қадами Қурбонро, ки ҳунарнамоиҳояш  мавриди баҳси корбарони интернет гардидааст, ба ҳамкорӣ даъват намудааст ва ахирон қабул кардааст.

Ба гуфтаи овозхон, онҳо якҷоя суруди нав омода хоҳанд кард.

"Мо дишаб бо акои Қурбон ҳамсӯҳбат шудем. Ҳамкории мо шурӯъ мешавад. Қадами Қурбонро  ба шаҳри Душанбе даъват кардам, то биёянду мо матни шеъру оҳангро интихоб кунем ва корро шурӯъ кунем", - мегӯяд вай.

Дар ҳамин ҳол, Ҷонибек Муродов таъкид мекунад, ки "сатҳи овозхонии Қадами Қурбонро боло бардоштан мехоҳад". Ӯ мегӯяд, матнеро интихоб мекунанд, ки аз "чаҳорчӯбаи санъат набарояд".

"Мо матнеро интихоб мекунем, ки аз чаҳорчӯбаи  санъат набарояд ва обрӯи миллату давлатамонро нарезонем. Мо бо ширкати JM кӯшиш мекунем, то каме ҳам бошад, Қадами Қурбонро ба сатҳи болотар бардорем ва мухлисонашро шод гардонем", - меафзояд вай.

Пештар овозхон гуфта буд, ки мусоҳибаи ахири Қадами Қурбон ба вай писанд омад ва "Қадами Қурбон чун ҳаҷвнигор истеъдоди хуб дорад".

"Вақте ба ӯ савол доданд, ки барои чӣ шумо клип сабт намекунед, ӯ гуфт, ки шароити клип сабт карданро надорад. Барои ҳамин ман аз номи худам ва аз номи ширкати JM мехоҳам ба Қадами Қурбон як клип ҳадя кунам", - изҳор дошта буд Муродов.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд ҳафтаи ахир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҳунарнамоиҳои Қадами Қурбон баҳс мекунанд. Ба гуфтаи иддае аз онҳо, ба ин тарз суруд хондан боиси нигаронист ва пеши роҳи инро бояд гирифт.

Аммо ба гуфтаи корбарони дигар, ҳунарнамоиҳои Қадами Қурбонро, ки аксар дар маъракаҳои мардум сурат мегиранд, бояд сахт интиқод накард.

Чунончӣ, овозхони тоҷик Олег Фезов низ дар изҳороте дар Фейсбук Қадами Қурбонро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд Қадами Қурбон давомдиҳандаи анъанаҳои ҳазорсолаи масхарабозон аст ва ӯро мардум қабул кардаанд.

"Нафарони зиёде Қадами Қурбонро танқид мекунанд. Ба ман, шахсан, ӯ хело писанд омадааст. Доим видеоҳояшро бо шавқи том тамошо мекунам. Ба назарам ҳунарнамоиҳои вай самимӣ ва шӯху хандаоваранд. Ман ӯро идомадиҳандаи анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳанги масхарабозӣ медонам. Набояд нисбати ин ҳунари мардумӣ сахтгир буд ва аз ӯ талаби опера ё симфония кард. Барои ин дигар мутахассисон ҳастанд. Қадам ба хубӣ аз ӯҳдаи кори худ мебарояд. Мардумро ӯро қабул кардаанд ва дӯст медоранд", - менависад вай.

Ёдрас мешавем, пештар дар Тоҷикистон дар пайи интиқоди манти хароби сурудҳои сарояндагон дар назди Кумитаи забон Шӯрои мувофиқасозии манти сурудҳо ташкил шуд.

"Ҳангоми бо мусиқӣ хондани сурудҳо аз ҷониби сарояндагон бояд меъёрҳои овоии забони тоҷикӣ риоя карда шаванд. Шеъри тоҷикӣ бояд бо оҳанг ва лаҳну савтиёти тоҷикӣ, яъне "тоҷикона" садо диҳад. Имрӯз мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ қарор дорем, бояд аз ворид намудани ҳар гуна оҳанг ва матни сурудҳои бегона ва бемантиқ худдорӣ намуда, барои арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ саъю кӯшиш намоем ва суруду оҳангҳои дилкашу гӯшнавоз биофарем", - иддао доштанд намояндагони кумита.