Рябков вуриди нируҳои Русия ба Афғонистонро қатъиян рад кард

Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Рябков нақши Русияро оид ба танзим даровардани муноқишаҳо дар Афғонистон шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Маскав имконияти вориди қувваҳои мусаллаҳи Русияро ба Афғонистон “қатъиян истисно” мекунад, гуфт муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Рябков.

“Ман фикр мекунам, ки ин тамоман истисно аст. Барои анҷоми чунин амал мо ягон асос надида истодаем. Мо бо ҳукумати Афғонистон дар соҳаи амният дер боз ҳамкорӣ дорем ва ин ҳамкориҳо шакли нав гирифта истодааст, ки пештар дар чаҳорчубаи ҳамкориҳо баррасӣ намешуданд”, - гуфт Рябков ба рӯзноманигорон.

“Мавҷудияти низомиёни мо дар Афғонистон ин мақсади мо нест. Ман тамоман инро истисно мекунам”, - қайд кард дипломати рус.

Дар Афғонистон миёни ҳукуматдорон ва гуруҳҳои ҷунбиши “Толибон” муноқишаҳои низомӣ рафта истодааст.

Инчунин солҳои охир дар Афғонистон таъсири гуруҳҳои ДОИШ афзудаистодааст.