Пизишкони Русия вазъи Шуҳрат Улфатовро тавзеҳ доданд

Тавре кормандони тиб хабар доданд, шаҳрванди Тоҷикистон, Шуҳрат Улфатови 26-сола ба бемористони вилоятии Челябинск интиқол дода шудааст, вазъи ӯ вазнини бетағйир арзёбӣ мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шӯҳрат Улфатов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи ҳодисаи Магнитогорск маҷрӯҳ гардида, ба бемористони вилоятии Челябинск интиқол ёфт, дар ҳолати вазнини бетағйир қарор дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Вазъи бемор чун вазнини бетағйир арзёбӣ мешавад. Ӯро ҷарроҳӣ кардем. Ҳоло ҷарроҳии дигаре ба нақша гирифта нашудааст", - гуфта мешавад дар иттилои табибон.

Субҳи 31 декабр дар Магнитогорск дар пайи таркиши газ яке аз подъездҳои бинои баландошёна фурӯ рафт.

Дар пайи ҳодиса 39 тан ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ин фоҷиа 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ мутаассифона шаҳид гаштанд, ки онҳо ҳамсар ва фарзандони Шӯҳрат Улфатов буданд. Онҳоро дар ватан ба хок супурданд.