Нафақахӯр аз Хуҷанд даст ба қаллобӣ задааст

Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 72-соларо дастгир намуданд, ки даст ба қаллобӣ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди нафақахӯри 72-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Дар ҳавлии як сокини куҳансол беш аз сад дона бангдона ошкор шуд

Ба иттилои манбаъ, номбурда қаблан бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд. 

Инчунин ба иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 3-юми октябри соли 2014 ҳангоми дар ҶДММ “Базеб”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намуданаш, бо роҳи фиреб ба боварии зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, ҳуҷраи истиқоматии №25, воқеъ дар бинои №29 “а”-и маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷандро, ки ба зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дошт, ба маблағи 35 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, аз он 15 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 20 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.

Кормандони милитсия нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома доранд.