Дар Санкт-Петербург косахонаи сари як муҳоҷири тоҷикро шикастанд

Дар Санкт-Петербург ду нафар ба муҳоҷири 48-солаи тоҷик дарафтода, косахонаи сарашро зада шикастаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Дар Санкт-Петербург ду шахси номаълум шаҳрванди     48-солаи тоҷикро лату кӯб кардаанд, иттилоъ додааст “Невские новости” бо истинод бо дафтари матбуотии саридораи давлатии ВУД Русия дар вилояти Ленинград.

Хабари лату кӯби муҳоҷир ба идораи пулис субҳи 8-уми январ расидааст.

Ҳодиса дар кӯчаи Финляндская дар Колпино ба вуқуъ пайвастааст. Ба маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ дар сабтҳои дурбинҳои наворбардор дида мешавад, ки чӣ гуна ду марди кулоҳпӯш ба сӯи муҳоҷир ҳамла мекунанд. Онҳо, ки то ҳол шахсияташон маълум нест ба муҳоҷир якчанд зарба задаанд.

Тасдиқ шудааст, ки қади ҳамлагарон тақрибан 180 сантиметриро ташкил мекунад.

Ҳоло ҷабрдида дар шӯъбаи эҳёи институти илмӣ таҳқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. Ҷанелидзе қарор дорад. Аз рӯи ташхиси духтурон дар вуҷуди муҳоҷир шикасти кушодаи косахона сар, латхӯрии майна ва инчунин дигар ҷароҳатҳо мушоҳида мешаванд.

Вазъи муҳоҷир вазнин арзёби шудааст.

Пулис сабаби воқеаро пайгирӣ дорад.