ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Шаҳрванди Узбакистон Оламафрӯз Абдуллоев дар ҳодисаи Магнитогорск 8 нафарро наҷот дод. Sputnik Узбекистон аз Абдуллоев тафсилоти ҳодисаро пурсон шудааст.
Оламафрӯзи ҷавон ҳамон рӯз барои намозхонӣ субҳи барвақт бедор шуда буд, вақте садои таркишро шунид, зуд либосашро пӯшида, ба берун давид.
"Ҷавон ҳашт нафарро наҷот дод, якҷо бо кормандони МЧС кор кард. Зери вайронаҳо медорамаду оташ хомӯш мекард. Аммо Оламафрӯз худро қаҳрамон намеҳисобад", - омадааст дар гузориш.
Абдуллоев зодаи вилояти Сурхандарёи Узбакистон буда, дар Термез коллеҷ хатм кардааст.Сипас ба Русия омада, 8 сол аст, ки дар Магнитогорск зиндагӣ мекунад.
Ӯ 23 сол дорад ва дар сохтмон кор мекунад.
"Худро қаҳрамон ё ситора ҳис намекунам. Қарзи мусалмониамро иҷро кардам ва ҳар мусалмони ҳақиқие дар ҷои ман ҳамин корро мекард", - мегӯяд Оламафрӯз.
Ҷавон ҳоло шаҳрвандии Русияро нагирифтааст, аммо дар нақша дорад. "Хуб мешуд", - шухӣ мекунад вай.
Қаҳрамонро ватанашро низ фаромӯш намекунад.
"Ифтихор мекунам, ки шаҳрванди Узбекистонам. Ватанамро дӯст медорам", - изҳор доштааст вай.
Ҷавон дар вақтҳои холигиаш ба варзиш машғул мешавад. Ҳатто дар мусобиқаҳо ҷойи намоёнро гирифтааст.
Субҳи 31 декабр дар Магнитогорск дар пайи таркиши газ яке аз подъездҳои бинои баландошёна фурӯ рафт.
Дар пайи ҳодиса 39 тан ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ин фоҷиа 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ мутаассифона шаҳид гаштанд. Онҳоро дар ватан ба хок супурданд.