Вазир: вазъи кӯдаки аз зери харобаҳои Магнитогорск наҷотёфта, беҳтар шуд

Вазири тандурустии Русия Вероника Скворсова қайд кард, ки аҳволи кӯдаки даҳмоҳа, ки аз зери вайронаҳои бино дар Магнитогорск наҷот дода шуд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Вазъи кӯдаки даҳмоҳае, ки аз зери вайронаҳо дар ҳодисаи Магнитогорск наҷот ёфт, хело беҳтар шуд, хабар додааст вазири тандурустии Русия Вероника Скворсова.

"Писарак фаъол аст, бо модараш муошират мекунад. Хело муҳим аст, ки овоз пайдо кардааст, мегиряд", - таъкид мекунад вазир.

Вероника Скворсова қайд кард, ки кӯдак аллакай мустақилона нафас мекашад. Ба гуфтаи вай, мубодилаи моддаи организми кӯдак устувор гаштааст.

Дар ҳамин ҳол Скворсова гуфт, ки табобати кӯдак бардавом хоҳад буд. Феълан пизишкон табобати кӯдакро идома медиҳанд.

"Ҳамааш гузашт. Кӯдак зинда монд ва имрӯз вазъи ӯ хело беҳтар аст", - афзуд вазири тандурустӣ.

Ба гуфтаи президенти Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотӣ Леонид Рошал, аз рӯзи душанбе кӯдак мустақилона хӯрокро фурӯ мебарад, ӯро пурра аз таҷҳизоти сунъӣ ҷудо кардаанд.

Ёдрас мешавем, дар ҳодисаи Магнитогорск пас аз як рӯз аз зери вайронаҳо кӯдакеро зинда наҷот доданд. Писарак фаврӣ ба бемористон интиқол ёфт.

Пизишкон муайян кардаанд, ки дар пайи ҳодисаи нохуш дасту пойи писаракро сармо зада,  соқи пояш шикастааст ва зарбаи мағзии пӯшида мушоҳида мешавад.

 Рӯзи душанбе кӯдак ба Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии Маскав интиқол ёфт.