Тоҷикистон дар Наврӯз намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мекунад

Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ ба намоиш мегузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, охири моҳи мартдар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон -2019"  гузаронида шуда, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Намоишгоҳи байналмилалӣ  дар маҷмааи "Кохи Борбад" гузаронида хоҳад шуд.

"Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш  муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.