Таъиноти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг: Аловиддин Абдуллоев мансаби нав гирифт

Аловиддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги Хатлон таъйин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуд, иттилоъ медиҳад "Ховар".

Аловиддин Абдуллоев қаблан ба ҳайси директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият дошт.

Бурҳониддин Раҷабов, ки қаблан сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъин гардидааст.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи ноябр Абдуллоев аз ҷашнвораи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ҷоиза оварда буд.

Ҷашнвора аз 12 то 17 ноябр дар Бишкек бахшида ба 90-солагии нависандаи номӣ Чингиз Айтматов баргузор гардид.

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ҷашнвораи мазкур намоиши "Қиёмат"-и Чингиз Айтматовро дар таҳияи саркоргардони театр Раҷабзода Парвиз пешкаши тамошобинон ва аъзои ҳакамон гардониданд.

Ҳунармандони тоҷик дар фестивал бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба 90-солагии Чингиз Айтматов қадр гардиданд. Инчунин Ҷоиза барои "Нақши беҳтарини мардона" ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва Ҷоиза барои "Нақши беҳтарини мардонаи плани дуюм" ба ҳунарпеша Қурбонмуҳаммад Шукуров супорида шуд.