Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Дети играют на улице зимой, архивное фото
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, боридани  барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7   ва   рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 14-19  ва рӯзона 3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз самти ғарб 4-9  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона -3+2 дараҷа  сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе  ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона   1-6  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо  ҳарорат ба  -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона     1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ҳарорат шабона -4+1, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои абрнок шуда,  боридани борон ва гузариш ба барф дар назар аст.    Ҳаво   шабона 1-3  ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.