Ҷӯраева мегӯяд, ки Русия сиёсати муҳоҷиратиашро тағйир медиҳад. Вай бар он аст, ки муносибат нисбати муҳоҷирон бояд аз рӯи адолат бошад.
Гавҳар Ҷӯраева: муҳоҷирситезӣ аз байн меравад
© Sputnik
"Муҳоҷироне, ки ба Русия омадаанд, омодаанд як ҷузъи фарҳангии ин кишвар шаванд ва ба иқтисод фоида расонанд. Аз ин рӯ муносибат бояд нисбати онҳо адолатнок бошад", - гуфт Ҷӯраева ба Sputnik.
Ҷӯраева афзуд, ки дар Русия ҳарос аз муҳоҷирон низ камтар мешавад.
"Муҳоҷирситзӣ, ки асосаш бегона ва бад донистани муҳоҷирон аст, аз байн меравад. Раванди муҳоҷират низ танзим мешавад. Бояд оҳиста роҳеро пеш гирифт, ки зиндагии инсонро дар дигар кишвар осонтар мегардонад", - кайд мекунад коршинос.
Тафсилоти бештари Гавҳар Ҷӯраеваро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.