ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар ин давра шаҳри хуҷанд 31,3 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 13,0 миллион доллари амрикоӣ ва 18,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда аст, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки раванди робитаҳои иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар ҳоли рушд аст. Дар ҳоли ҳозир шаҳри Хуҷанд бо 45 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дорад.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 290,2 миллион доллари амрикоӣ расидааст, аз ҷумла воридот 257,4 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 32,8 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд.