Халосгари муноқиша корд хурду ба ҳалокат расид

Сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ бо ҳамдеҳаҳои худ ҷангу ҷанҷол карда як нафарро бо корд захмӣ ва як нафари дигарро, ки халосгар будааст, ба ҳалокат расондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҷанҷоли ҳамдеҳаҳо дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ сабаби марги як нафар нафар шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Мастӣ ба пастӣ: кордкашии марди маст дар назди бар

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзӣ 3-юми январи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, Алиназаров Ниёзмаҳмад, сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолати мастӣ ба мағозаи “Пайрав”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Палдораки ҳамин ноҳия даромада, бо Ҳайдаров Мурод ва Усмонов Муҳаммадҷон сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ҷанҷол мекунад. 

Сипас онҳо аз мағоза берун омада, ба саҳни МТМУ №28-и деҳаи мазкур рафта, Алиназаров Н.С. бо ҳамроҳии ҷиянаш, Алиназарзода Абдувосит, бо Усмонов М.А. ҷанҷолро идома медиҳанд. Дар натиҷа Усмонов М.А., Алиназарзода Абдувоситро лату кӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 

“Алиназарзода А.З. пас аз баргаштанаш ба хона, бо ҳамроҳии амакаш Алиназаров Абдулқудус, корди хоҷагиро гирифта, ба кӯча мебарояд. Дар назди даромадгоҳи беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуши Абдуллобеки Усмониёнро, вохӯрда ба ӯ ҷангу ҷанҷол мекунанд”, - таъкид намудааст мнабаъ. 

Боз як куштори мудҳиш дар ҳолати мастӣ дар Тоҷикистон

Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми ҷангу ҷанҷо Алиназаров А.С. бо корд ба пушти сар, тарафи рости гардан ва қафаси сина аз тарафи рости Сиёвуши А.У. зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 

“Инчунин вай аз беэҳтиётӣ, бо корд ба қафаси синаи Ҳайдаров М.А., ки дар рафти ҷанҷол ҳузур дошт ва мехост тарафҳои ҷанҷолкунандаро халос кунад, задааст”, - хабар додааст ВУД Тоҷикистон. 

Дар натиҷа, Ҳайдаров М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 Дар ҳоли ҳозир нисбати Алиназаров А.С. бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, Алиназарзода А.З. бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, Алиназаров Н.С. ва Усмонов М.А. бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.