Ҳама ба Сирк: оғози барномаҳои солинавӣ дар Сирк

Бахшида ба ҷашни соли нави мелодӣ Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиби солинавӣ омода кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Бино бар иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шоу барномаи сиркӣ бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ дар Сирки давлатии Тоҷикистон аз 29 декабр оғоз гардида, то 29 январи соли 2019 идома хоҳад ёфт.

Манбаъ таъкид намудааст, ки барномаи идона таҳти роҳбарии бадеии ҷоизадори Шери нуқрагин Обидҷон Эргашев таҳия гардида, намоишҳои ҷолибу барои бинанда навро дар бар мегирад. 

Омодагии донишҷӯи тоҷик барои бунёди сирк дар Қурғонтеппа

“Дар барнома ҳунарнамоии агробатҳо, гимнастҳо дар тасма, гимнастҳо дар алвон, дорбозҳо, бозӣ бо ҳамйвонот ба мисли саг, мор, хирс, маймун ҷой дода шудаанд”, - хабар додааст манбаъ. 

Инчунин ба иттилои вазорати фарҳанг, дар барнома ҳунарпешагони ҷавони сирк Муҳаммад Шарифзода ва Мадина Назарова, ки дар озмуну фестивалҳои байналмилалии сиркӣ ғолибият ба даст овардаанд, иштирок мекунанд. 

Шоуи сиркиро рақсҳои милливу аврупоӣ, аз ҷумла рақси Канкан боз шавқовартар мегардонанд.