ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар асоси дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шурӯъ аз 7 январи соли равон ба вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар хоанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, вакилони Маҷлиси намояндагон давоми даҳ рӯз дар назди интихобкунандагон Паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Маҷлиси Олии Тоҷикистонро тавзеҳ хоҳанд дод.
Инчунин вакилон доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Парлумони Тоҷикистон қабул кардааст шарҳ хоҳанд дод.
Вакилони парлумон ҳамчунин бо интихобкунандагон дар бораи масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар табодули назар хоҳанд кард.