Мусофирони "Тоҷик Эйр"-ро ба Русия ширкати "Сомон Эйр" мебарад

Тасмими ба ширкати "Сомон Эйр" додани парвозҳои "Тоҷик Эйр" рӯзи севуми январ пас аз ҷаласаи комиссияи давлатӣ гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik.  Мусофирони ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро дар мавсими тирамоҳ ва зимистони имсола ба самти Русия, ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” интиқол медиҳад.

Қатъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба бархе аз самтҳо

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, барои интиқоли мусофирон миёни ширкати Тоҷик Эйр”  ва “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст.

 “Ҷиҳати интиқоли мусофирони “Тоҷик Эйр” ба Россия бо ширкати “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст. Ин пешниҳод танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Русия дахл дорад", - таъкид намудааст вай.

Азиз Хайрулоев афзудааст, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилот, мутахассисони ширкати “Тоҷик Эйр” ба мусофирон кӯмак хоҳанд расонд.

Рақам барои тамос: (+992) 905 100 200, (+992 48) 701 50 42.

1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

Пас аз Соли нав чанде аз парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба муҳлати номуайян гузошта шуд. Он вақт сабаби ба муҳлати номуайян гузоштани парвозҳоро ба тағйир ёфтани хатсайрҳо марбут дониста буданд.

Инчунин мусофирон аз ширкати “Тоҷик Эйр” шикоят мекарданд, ки бинобар сабабҳои номаълум муҳлати парвози онҳо ба дигар рӯзҳо гузошта мешаванд ва онҳо дучори мушкилиҳо шудаанд..

Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба самтҳои Ҳиндустон, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия  парвоз мекунанд. Ҳамчунин, парвозҳои дохилӣ ба самти Хуҷанд ва Хоруғ низ ба роҳ монда шудааст.