Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабонро ба Ҷоизаи Лоҳутӣ оғоз кард

Дархостҳо бо иловаи маводҳо дар 9 нусха то соати 17:00-и 5 феврали соли 2019 қабул мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik.  Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабон ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон ба номи Лоҳутиро барои соли 2018 эълон намуд.

Тибқи қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон номинатсияҳои зайл пешбинӣ гардиданд:

Бахши матбуоти даврӣ.

Бахши радио.

Бахши телевизион.

Бахши тадқиқот оид ба ВАО.

Дархостҳо бо иловаи маводҳо дар 9 нусха  то соати 17:00-и 5 феврали соли 2019 қабул мешаванд.

Ба озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.

Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ барои журналистони донишҷӯ бо дархости Донишгоҳҳо ва факултаҳои журналистӣ қабул мешаванд.

Маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо дар Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мегардад.

Дархостҳо аз  ташкилотҳои вилоятӣ,шаҳрӣ, ибтидоии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муассиса ва ташкилотҳои эҷодӣ, идораву муассисаҳои ВАО қабул мешаванд.

Асарҳои ба ҷоизаҳои дигар пешниҳодшуда қабул карда намешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 1, телефон 2 217903