Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик даргузашт

Файзинисо Воҳидова вақтҳои ахир аз бемории шамолхӯрдагӣ ё пневмония ранҷ мебурдааст ва бинобар ҳамин, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Шаби гузашта ҳолаш бад гардидааст ва табибон натавонистаанд ӯро аз марг наҷот диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи маъруфи тоҷик бар асари беморӣ даргузашт.

Ба гуфти наздикони Файзиннисо  ӯ шаби гузашта дар бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз олам чашм пӯшид.

Дар ҳоли ҳозир ҷасади Файзиннисо Воҳидова ба манзилаш воқеъ дар шаҳри Гулистон оварда шудааст, ва қарор аст имрӯз пас аз намози ҷумъа  дар қабристони Гунбази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ба хок супорида шавад.

Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.

Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба “Сачан” (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва чандин парвандаи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ — Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамчунин гурӯҳи “Ҳизби Таҳрир” иштирок кардааст.