Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд шуд

Ширкатҳои интернетӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе шабакаҳои иттилоотӣ маҳдудиятҳо мавҷуд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Шоми рӯзи панҷшанбе дастрасӣ ба шабакахои иҷтимоии Facebook, Instagram, ВКонтакте ва Одноклассники  дар Тоҷикистон маҳдуд карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

“Баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ номунтазам фаъолият доранд”, - хабар додааст хабаргузорӣ.

Аввлаин дар бораи маҳдудиятҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ истифодабарандагони Facebook хабар доданд. Баъд чанд лаҳза дастрасӣ ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, низ дастнорас шуд. Инчунин мушкилот дар ирсоли паёмакҳо тавасути WhatsАpp низ мушоҳида мешавад.

Баъзе ширкатҳои интернетӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе шабакаҳои иттилоотӣ маҳдуд шудааст. Ширкатҳо таъкид намуданд, ки маҳдудиятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо рабт надорад.