Қатъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба бархе аз самтҳо

Ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” эълон намудааст, ки муваққатан парвози ҳавопаймоҳо ба бархе самтҳоро бозмедорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” бо далелҳои тиҷоратӣ маҷбур шудааст ба ҷадвали парвозҳояш дар моҳи январи соли 2019 тағйирот ворид кунад, иттилоъ додааст хабаргузории Tojikistontimes.com дар иқтибос ба ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”.

Ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” дар ин бора рӯзи 2 январ изҳороте пахш кардааст.

1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

“Ширкати ҳавоӣ маҷбур шудааст бо далелҳои тиҷоратӣ ба ҷадвали парвозҳояш дар моҳи январи соли 2019 тағйирот ворид кунад”, - гуфта шудааст дар изҳорот.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ширкат тавассути матбуот ва ҳам колл-сентри худ ин хабарро ба мусофиронаш расонидааст.

“Мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи парвозҳо барқарор шаванд”, таъкид намудааст ширкат.

Ширкати ҳавоӣ инчунин аз расонаҳои хабарӣ ва ҳам блогнависҳо даъват кардааст, ки воҳима ва ширкатро ба анҷоми амалҳои ғайри қобили иҷро даъват накунанд.

Ширкат аз ҳолати баамаломада аз мусофирон узр хоста изҳори умедворӣ кардааст, ки мусофирон ин ҳолатро дуруст дарк хоҳанд кард.