Вазъи падари хонаводаи бедаракшудаи тоҷик дар Магнитогорск вахим арзёбӣ шуд

Тақдири модар ва се кӯдаки тоҷик зери харобаҳои хонаи фурӯрафта дар Магнитогорск норӯшан аст. Аммо тақдири шаш аъзои оилаи Маҳмадрозиқ Самиевҳо маълум гашт, онҳо наҷот ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бино бар иттилое, хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия, то ҳол як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26-солаи шаҳри Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз зери вайронаҳо пайдо карда шуда, ба бемористон интиқол дода шудааст.

Навори наҷоти кӯдаки 11-моҳа: аз модару се кӯдаки тоҷик ҳанӯз дарак нест - видео

Аммо ба иттилои манбаъ тақдири ҳамсари Шуҳрат Улфатов Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола ҳанӯз дараке нест.

Падари ин хонаводаи бедаракшудаи тоҷик аз зери харобаҳо баъди 7 соати рух додани фоҷеа наҷот дода шудааст. Вероника Сквортсова, вазири тандурустии Русия қаблан вазъи зодаи Тоҷикистонро вахим арзёбӣ карда буд.

Инчунин вазъи аъзои оилаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон Маҳмадрозиқ Самиев низ маълум шуд.

Шаш аъзои оилаи Маҳмадрозиқ Самиев, ки қаблан бенишон гашта буданд, хушбахтона пайдо ва наҷот дода шуданд.

Ёдрас мешавем, ки таркиш дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух додааст. Тибқи иттилоияи пешакӣ сабаби таркиш хориҷшавии газ мебошад. Расман то ҳол аз марги 8 нафар хабар дода шуда, ҳудуди 40 нафар дар феҳрасти бедаракшудаҳо қарор доранд.