Оғози содироти таркторҳои Тоҷикистон ба Узбакистон

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи оғози содироти тракторҳои тавлидшуда дар корхонаи муштараки ин кишвар ва Белорус ба Узбакистонро хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Бино бар гузориши сомонаи Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, дар нахустин марҳала ҳашт трактори тавлидшуда дар корхонаи монтажи тракторҳои “Белорус” дар маркази ноҳияи Ҳисор ба Узбакистон содир шудааст.

Лукашенко дар Ҳисор ба Раҳмон трактор ҳадя кард

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар соли 2019 тавлиди анбуҳи тракторҳои "Блорус-80" ва "Блорус-82" дар ин корхона роҳандозӣ хоҳад шуд ва заминаи истифодаи дохилӣ ва содироти он ба Узбакистон, Афғонистон ва Покистон вуҷуд дорад.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи сентябри соли 2018 дар маркази ноҳияи Ҳисор марҳалаи дувуми корхонаи монтажи тракторҳои "Белорус" ифтитоҳ ёфт, ки аз зарфияти тавлиди ҳазору 700 трактор дар сол бархурдор мебошад.

Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона имкони тавлиди тракторҳои "Белорус-80" ва "Белорус-82"-ро фароҳам месозад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи як ҳазору 700 дастгоҳ аз ин таҷҳизот дар сол хоҳад расид.