Имзои Эмомалӣ Раҳмон зери як қатор қонунҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба як қатор қонунҳои ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik. Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни мукаммал ва якчанд қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буданд, ба имзо расонид.

Тағйири қонун: салоҳияти раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо бештар шуд

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, қонунҳои ба имзорасида барои ҳифзи саломатии мардум ва  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, Қонунҳои Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Тоҷикистон” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии табибон, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва корхонаҳои хизматрасонӣ, ки бинобар риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ боиси мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта машғуланд, равона гардидаанд.

Парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ"-ро ислоҳ мекунад

Бо тағйироти дигари ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардашуда, ҷавобгарӣ барои қасдан  мубталои  вируси норасоии масунияти одам гардонидани шахси дигар  пурзӯр  карда шуда,  ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба савдои одамон танзими ҳуқуқии худро ёфт.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу муки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” меъёрҳоро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва тартиби  бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшударо ба танзим медарорад.

Тағйиротҳои ба Қонунҳои Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи граждании Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсоли иҷро” воридкардашуда меъёрҳоро  ҷиҳати иҷрои талаботҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ва пешбинӣ намудани тартиби содакардашудаи таъмини иҷрои уҳдадориҳо, саривақт таъмин кардани уҳдадориҳои қарзиро пешбинӣ менамоянд.

"Рейдҳо" дар кошонаи ҳусну сартарошхона ва утоқҳои дандонпизишк дар Хатлон

Дар Қонунҳои Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” меъёрҳо дар самти пешгирӣ кардани қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ворид карда шуд.

Инчунин ба Қонунҳои Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ” ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, онҳо мукаммал гардонида шуд.