Дар Ёвону Кӯлоб говдуздон дастгир шуданд

Кормандони милитсия Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор шаҳри Кғлоб ва сокини деҳаи Чаманзори ноҳияи Ёвонро барои говдуздӣ дастгир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кормандони милитсия шаҳри Кӯлоб марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони дуздӣ дастгир кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2018 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои наздиҳавлигиаш 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзиши умумиаш 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Як гурӯҳи говдузд дар Суғд боздошт шуд

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин ба кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон марди 20-солаи сокини деҳаи Чаманзори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2018, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаашон 6-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 20 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Кормандони милитсия марди 33-солаи сокини деҳаи Қулободи ҳамин ноҳияро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Манбаъ хабар додааст, ки кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур  тафтишотро идома доранд.