Навори наҷоти кӯдаки 11-моҳа: аз модару се кӯдаки тоҷик ҳанӯз дарак нест - видео

Наҷотдиҳандагон як кӯдаки 11-моҳаро аз зери харобаҳои хонаи фурӯрафта дар Магнитогорск наҷот додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Борис Дубровский, губернатори вилояти Челябинск гуфт, кӯдакро бо садои гиряаш пайдо кардаанд, хабар дод РИА Новости.

Ба иттилои мақомоти тандурустӣ кӯдакро сармо зада, аз қисмати сараш низ лат хӯрдааст ва феълан дар бемористони рақами 3-и Магнитогорск бистарӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки аз модар ва се кӯдаки тоҷик ва даҳҳо нафари дигар, ки зери харобаҳо мондаанд, ҳанӯз дараке нест.

Падари ин хонаводаи бедаракшудаи тоҷик аз зери харобаҳо баъди 7 соати рух додани фоҷеа наҷот дода шудааст. Вероника Сквортсова, вазири тандурустии Русия қаблан вазъи зодаи Тоҷикистонро вахим арзёбӣ карда буд.

Таркиш дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух додааст. Тибқи иттилоияи пешакӣ сабаби таркиш хориҷшавии газ мебошад. Расман то ҳол аз марги 8 нафар хабар дода шуда, ҳудуди 40 нафар дар феҳрасти бедаракшудаҳо қарор доранд.